Ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар бозори асъори Тоҷикистон андаке баланд шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба санаи 22 январ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби доллари ИМА нисбати арзи миллӣ ба ҳисоби миёна 5,6540-5,6740 сомониро ташкил намуд.
Ёдрас мекунем, ки як ҳафтаи қабл (15 январ) қурби миёнаи доллари ИМА нисбати сомонӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори кишвар ба 5,6250 – 5,6470 сомонӣ барои 1 доллари ИМА баробар буд.
Гуфта мешавад, 22 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе - 5,6720-5,6920 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,6800-5,7000 сомонӣ ва ш. Қӯрғонтеппа 5,6500-5,6700 сомониро ташкил дод.
Тибқи маълумоти БМТ, давоми соли 2014 қурби доллари ИМА нисбати арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ 10,7%, аз 4,9300 сомонӣ (барои 1 $) дар аввали соли 2014 то 5,4600 сомонӣ дар охири соли гузашта боло рафт. Аз оғози соли равон бошад, қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ тақрибан 3% афзуд.




Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста