Тӯли солҳои истиқлолияти кишвар бори нахуст вакилони палатаи поёнии парлумон баъди ироаи паёми президент барои шарҳи муҳтавои он ба минтақаҳои ҷумҳурӣ раҳсипор намегарданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ин робита иттилоъ дод, чунин сурат гирифтани кор қабл аз ҳама ба он вобаста аст, ки ваколати намояндагони мардумии парлумони даъвати кунунӣ дар арафаи анҷомёбист ва дар маъракаи интихоботии санаи 1-уми март номзадии аксари вакилони парлумони ҳозира пешбарӣ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, вакили палатаи поёнии парлумони кунунӣ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад ба парлумони оянда низ пешбарӣ шудааст, ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботии худ ва вохӯриҳо бо интихобкунандагон ба шарҳу тавзеҳи бандҳои паёми президент ба парлумон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки аз 63 нафар вакилони даъвати ҳозираи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 18 нафарашон ният доранд, ки дар парлумони оянда низ соҳиби ваколати намояндаи мардумӣ гарданд.

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ намояндагони ҲХДТ - Низом Қосим, Хайриниссо Юсуфӣ, Бибидавлат Афзалшоева, Олимҷон Сафаров ва Дилшод Исматуллоев, Ҳизби коммунист – Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков, Ҳизби аграрӣ – Зайниддин Сафаров ва ҲНИТ – Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ такроран номзад ба вакилӣ пешбарӣ шудаанд.

Аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ вакилони даъвати кунунӣ – раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров, вакилон Олим Салимзода, Шарофиддин Сироҷов, Маҳмадалӣ Ватанов, Сафаралӣ Раҷабов, Бадриддин Садриддинов, Акрамшо Фелалиев ва Нурулло Оқилзода ба курсиҳои парлумонӣ дар даъвати ояндаи Маҷлиси намояндагон довталабӣ мекунанд.