Ба аввали соли равон қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тақрибан 630 млн. сомонӣ (беш аз 115 млн. $)-ро ташкил дод.
Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Раҳматзода Рустам Мирзо зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2015 қарзи ширкат назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба ҳудуди 440 млн. сомонӣ ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» каме бештар аз 190 млн. сомонӣ расидааст.
Ӯ қайд кард, ки соли гузашта ширкат 82,3 млн. сомонӣ қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва 37,2 млн. сомонӣ қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро пардохт намуда, мувофиқа ҳосил шудааст, ки «Барқи тоҷик» ҳар моҳ ба ин нерӯгоҳҳо мутаносибан дар ҳаҷми 15 млн. сомонӣ ва 5 млн. сомонӣ маблағи қарзҳоро пардохт мекунад.
Ба гуфтаи Раҳматзода, ширкат назди ҶСК «Ориёнбонк» низ қарзи зиёд дорад (706 млн. сомонӣ), ки ин маблағҳо барои харидорӣ ва ҳамлу нақли ангишт ва ҳамчунин харидории мазут ҷалб шуда буданд.
Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми қарзи ширкат аз ҳисоби созишномаҳои қарзии бо кафолати ҳукумати кишвар баимзорасида ба аввали соли ҷорӣ 3,6 млрд .сомониро ташкил медиҳад. «Дар ҳамин ҳол, айни замон маблағи қарзи КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ба ширкати «Барқи тоҷик» 376,7 млн. сомонӣ ва қарзи аҳолӣ бо назардошти қарзи солҳои пешин тақрибан 356 млн. сомониро ташкил медиҳад», - афзуд номбурда.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста