Санаи 27 январ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайъати нозирони дарозмуддати Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Ларс Полсен, Пол Уессон, Апалония Вершур ва Ёрген Беклундро, ки бо мақсади назорат ва иштирок дар маъракаи муҳими сиёсии кишвар – интихоботи парлумонии моҳи март ба вилоят ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, мақсад аз мулоқот муаррифии гурӯҳи кории нозирони байналмилалӣ ва нақшаҳои фаъолияти онҳо ба ҳисоб рафта, ҷонибҳо масъалаи омодагиҳоро ба интихобот мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр мегардад, ки ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи ҷавобгӯ ба меъёрҳои демократӣ баргузор хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки аллакай ҳайъати нозирони САҲА дар Тоҷикистон ба кор оғоз кардааст.  Бо ин мақсад то имруз 14 нафар аз нозирони ин созмон ба Тоҷикистон омадаанд ва то охири ҳафтаи ҷорӣ 16 нафари дигар ба ин ҳайъат ҳамроҳ мешаванд.

Коршиносони байналмилалии САҲА намояндагони 15 кишвари ҷаҳон буда, дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд дар ду гурӯҳ фаъолияти назоратӣ хоҳанд бурд. Нозирони байналмилалии САҲА асосан дар 13 ҳавзаи интихоботие, ки дар онҳо номзадҳо ба вакилии  Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудаанд, корбарӣ мекунанд. Ба ин мақом аз вилояти Суғд дар ҳавзаҳои мазкур 61 нафар номзад ҳам аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳам ба таври худпешниҳод пешбарӣ шудаанд.