- Изҳороти муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов доир ба аз ҷониби ҳавзаи якмандатии интихоботии Конибодом монеъа эҷод сохтан барои сабти расмии ӯ ба сифати номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон ҳеҷ ҷойи шарҳу тавзеҳ надорад, - изҳор намуд роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода.
Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз 19 январ ба КМИР изҳороти Шӯрои сиёсии ҲСДТ ворид гардида буд, ки дар он ҳизб дар бораи муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихоботи парлумонӣ дар ҳама сатҳҳо ба нишони эътироз ба ҳукм нисбати адвокат Шуҳрат Қудратов хабар дода буд.
«Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲСДТ аз КМИР дархост шуда буд, ки то ошкор шудани ҳолатҳои қазияи Ш.Қудратов, номзадҳо аз ҲСДТ дар ҳамаи сатҳҳо, бидуни назардошти бо кадом шакл ба интихобот рафтани онҳо, хоҳ тибқи рӯйхати ҳизбӣ бошаду хоҳ аз ҳавзаи якмандатӣ ва ҳатто номзадҳои худпешбаришуда аз ҲСДТ ҳам расман ба қайд гирифта нашаванд», - қайд кард Додозода.
Номбурда хотирррасон намуд, ки ба изҳороти шӯрои сиёсии ҲСДТ КМИР дарҳол расман посух дода, онҳоро огоҳ кард, ки мутобиқи қонунгузории кишвар, ба сабти расмии номзадҳо аз ҲСДТ то 9-уми феврал муҳлат муқаррар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 28 январ раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар ин робита изҳорот интишор намуда, дар он зикр кард, ки қарори шӯрои сиёсии ҲСДТ дар бораи муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихобот ба номзадҳои худпешбаришуда ва номзадҳои пешниҳодшуда аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ дахл надорад.
Раиси ҲСДТ дар изҳороти худ «аз КМИР қотеъона дархост мекунад, ки дар доираи қонунгузории Тоҷикистон чунин номзадҳо ба вакилӣ ба қайд гирифта шаванд».



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста