Санаи 28 январи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт мулоқот барпо намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба раванди кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуда, қаноатмандии худро роҷеъ ба равобити Тоҷикистону ИМА баён намуданд.