Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов рӯзи 27 январ бо котиби дуюми сафоратхонаи ИМА дар ҶТ Брендон Шервуд мулоқот кард.

Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ атрофи масъалаҳои ҷараёни омодагӣ ба интихоботи парлумонии санаи 1-уми март таъиншуда, мавқеи ҲКТ нисбат ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар табодули назар сурат гирифта, ӯ ба ҳамсуҳбаташ дар бораи барномаи пешазинтихоботӣ, шумори ҷонибдорони ҳизб ва фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотии аз ҷониби ҳизб ташкилшуда маълумот додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот ба вазъ дар минтақа, мушкилоти ифротгароиву терроризм низ таваҷҷуҳ зоҳир шудаааст. «Ман ба ҳамсуҳбатам изҳор намудам, ки дар минтақа созмонҳои ифротгарое амал мекунанд, ки бо ҳар роҳу восита ба сиёсат ворид шуданианд. Масалан, ман ба дипломати амрикоӣ дар бораи далелҳои аллакай сабтшудаи кӯшиши салафиён ҷиҳати шомил гардидан ба сафҳои ҲКТ маълумот долдам», - гуфт ӯ.

Шабдолов таъкид намуд, ки имрӯз дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон низ кӯшишҳои нерӯҳои ифротгарову баъзан террористии фаъолияташон мамнӯъ ҷиҳати шомил гардидан ба сафҳои аҳзоби сиёсии расман сабтшуда ба мушоҳида мерасад. «Дар чунин шароит аҳзоби сиёсии кишвар зимни қабули аъзои нав ба сафҳояшон бояд эҳтиёткорона рафтор намоянду ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд», - афзуд пешвои коммунистон.