Дар гузориши Индекси озодии иқтисодӣ, ки ҳамасола аз ҷониби пажуҳишгоҳи амрикоии The Heritage Foundation («Бунёди мерос») ва рӯзномаи The Wall Street Journal таҳия мегардад, Тоҷикистон миёни кишварҳои «аксаран (бештар) ноозод» ҳузур дошта, дар байни 178 кишвари дунё бо касби 52,7 балл мақоми 140-умро ишғол мекунад.
Дар ин гузориш қайд мешавад, ки ҷанги шаҳрвандии 5-сола қисмати зиёди зербинои иқтисодӣ ва ниҳодии Тоҷикистонро хароб кард. «Вазъи волоияти қонун дар ҳолати хеле номусоид қарор дошта, наздикону атрофиёни президент мансабҳои калидӣ дар ҳукуматро ишғол мекунанд ва дар тиҷорат ҳам аз пешсафонанд. Камбизоатӣ дар ҳоли афзоиш қарор дошта, қоидаҳои беасару каммаҳсул дар тиҷорат ба одамон имкон намедиҳад, ки аз камбизоатӣ раҳо ёбанд», - зикр мекунанд муаллифони гузориш.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар зинаи 69, Қирғизистон – 82, Ӯзбекистон – 160 ва Туркманистон – 172-юм қарор доранд. Русия бо 52,1 балл дар мақоми 143-юм ҷойгир аст.
Пешсафони рейтинги мазкур кишварҳои Гонконг, Синнгапур ва Зеландияи Нав буда, зинаҳои охири феҳристро Венесуэла, Куба ва Кореяи Ҷанубӣ ишғол мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки дар рейтинги Heritage вазъи озодии иқтисодӣ дар кишварҳои ҷаҳон аз рӯи 10 нишондиҳанда, аз ҷумла озодии роҳандозии тиҷорат, савдо, ҳолати сиёсати буҷетиву андоз, сиёсати пуливу қарзӣ, озодии сармоягузорӣ, бозори кор ва ҳамчунин мизони коррупсия арзёбӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки кишварҳое, ки камтар аз 50 баллро касб мекунанд, ба сафи кишварҳои «комилан ноозод», 50-60 балл – «аксаран (бештар) ноозод», 60-70 балл – «нисбатан озод», 70-80 балл – «асосан озод» ва беш аз 80 балл – «озод» шомил мегарданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста