Созмони ҳомии ҳуқуқи Fredoom House ё Хонаи Озодӣ дар гузориши солонаи худ таҳти унвони «Озодӣ дар ҷаҳон-2015» Тоҷикистонро боз ба сафи «кишварҳои ноозод» шомил кард.
Дар гузориш қайд мешавад, ки аз рӯи ҷадвали ҳафтбаллӣ вазъи озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳарду 6 баллӣ арзёбӣ шудаанд, ки дар ин ҷадвал балли 1 – беҳтарин ва 7 – бадтарин мебошанд.
Қазоқистон, Русия, Афғонистон ва Эрон низ дар баробари Тоҷикистон дар рӯйхати «кишварҳои ноозод» қарор доранд. Ба қатори «кишварҳои озод» Муғулистон, аксари кишварҳои Аврупо, Австралия, ИМА, Канада ва Бразилия дохил карда шудаанд.
Ӯзбекистон, Туркманистон, Чин, Сурия ва Арабистони Саудӣ дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасттарини озодӣ ҷойгир шудаанд.
Қобили зикр аст, ки ин рейтинг 195 кишвар ва 14 қаламрави бидуни мақомро фаро гирифтааст. Дар гузориши соли гузаштаи созмон низ Тоҷикистон дар сафи «кишварҳои ноозод» қарор дошт.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста