Рӯзи 29 январ дар ноҳияи Данғара 22 номзади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар имтиҳони забон, ки аз тарафи ҳавзаи маҳаллии интихобот бо ширкати мутахассисони забон аз шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид, ширкат карданд ва аз ҷумлаи 22 номзад 10-тои онҳо бо шумули Камолов Хол, муаллими Эмомалӣ Раҳмон ноком шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, мутахассисони забон номзадҳои наҳзатиро бо суолҳое, мисли "Боби дуюми қонун дар бораи забони давлатӣ чист?”, синоними вожаҳои мураккаб ва ғайра пурсиданд.
Гуфта мешавад, ҳарчанд Камолов Хол, муаллими раиси ҷумҳур бемор буд, ӯ дар долони сарди биное, ки имтиҳони забони давлатӣ онҷо баргузор мешуд, ду соат интизор истод ва сабаби нокомии ӯро дар бад будани ҳусни хат эълон карданд. «Бори аввал аст, ки ҳусни хат ҳамчун меъёр дар комёб ё ноком шудан ба кор меравад», - омадааст дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки ақомоти зидахл борҳо изҳор доштанд, ки имтиҳони забони давлатӣ тибқи талаботи қонун сурат мегирад ва ҳама гуна суистифода аз онро рад карданд.




“Амонатбонк” кортҳояшро аз нав ба қайд мегирад. Муҳлати сабтином то кай аст ва далели он чист?
Хадамоти алоқа барои беҳтар кардани кори почта бо як ширкати хусусӣ $5 млн созишнома бастааст
Нигаронии Рамазон Раҳимзода: Беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугару “муллоҳои дайду” рӯйхат шудаанд
Як додраси собиқ барои гирифтани пора чор сол равонаи зиндон шуд
Эътирофи мақомот: Аз се як ҳиссаи қарз аз барқ дар Тоҷикистон беасос аст
“Ҳамаро бо як ҷорӯб намерӯбем”. Раиси Кумитаи забон шарти ивази ҷойномҳоро гуфт
Кумаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони Ғазза аз чӣ иборат буд?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 33
“Ҳеҷ кас Наврӯзро “New Day” ё “Новый день” намегӯяд-ку”. Раиси Кумитаи забон шарти навишти тамғаҳои хориҷиро шарҳ дод
Оғози қабули имтиҳонҳои EPS-TOPIK дар Тоҷикистон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста