Дар шаҳри Брюссел рӯзи 28 январи соли равон бо мусоидати “EAST WEST Institute” ва “Hanns Seidel Foundation” мизи мудаввар дар мавзӯи “Хатарҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ” баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мизи мудаввар Намояндаи махсуси Котиби генералии СММ дар Осиёи Марказӣ, Директори Маркази минтақавиии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енча, Намояндаи махсуси Котиби генералии СААШ оид ба минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Ҷеймс Аппатурай, вакилони Парлумони Аврупо, намояндагони Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷиии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Брюссел ва дигар шахсони баландпоя иштирок ва маърӯза намуданд.
Гуфта мешавад, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустам Солиев зимни суханронии худ ба таваҷҷуҳи иштирокчиён оид ба вазъи феълии минтақа, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда маълумоти муфассал дода, зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро таъкид намуд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти муҳокимарониҳо иштирокчиён оид ба масъалаҳои сулҳ ва таҳдидҳои амниятӣ ва роҳи ҳалли онҳо, ҳамчунин зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ибрози назар намуда, аҳамияти байналмилалӣ ва истифодаи таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро дар қазияи Афғонистон таъкид намуданд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста