Рӯзи 29 январ дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзии ҶТ Қосим Роҳбар бо хонум Патрисиа Виверс-Картер, роҳбари намояндагии Бонки  Ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистну Бонки ҷаҳонӣ дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуда, вазир саҳми Бонки Ҷаҳониро дар рушди ҳамкориҳо дар Тоҷикистон, ба хусус дар соҳаи кишоварзӣ мусбӣ арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ қайд шудааст, ки дар давоми 20-соли охир ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва БҶ  густариш ёфта, саҳми Бонки мазкур дар рушди истеҳсолот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ назаррас мебошад ва дар ин замина шурӯъ аз соли 2000 бо маблағгузории БҶ дар кишвар баҳри барқарорсозии дараҷаи истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳдошти  саломатӣ,  дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва бехатарии он, инчунин баланд бардоштани ҳуқуқи истифодабарандагони замин, диверсификатсияи соҳаи кишоварзӣ дар маҳалҳо ва такмил додани тиҷорати иқлимӣ корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд.

«Ҳамзамон Бонки Ҷаҳонӣ кӯмаку дастгирии худро, дар амалигардонии барномаҳои соҳаи кишоварзӣ,  рушду пешниҳоди дастурҳои методӣ, сармоягузории қарзӣ барои гузаронидани ислоҳот дар самтҳои мухталифи  соҳаи кишоварзӣ  ҳамкориҳои самарбахшро амалӣ намуд», - иброз доштааст Қосим Роҳбар.

Вазири кишоварзӣ  қайд намуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» вазорат баҳри расидан ба яке аз самтҳои стратегии қабул намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст.