Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд мутаассифона ҳанӯз қабл аз интихоботи парлумонӣ, баъзе доираҳо, шахсиятҳо ба хотири зарба задан ба ҲНИТ маъракаи интихоботии носолим ва ноҷавонмардонаро алайҳи ҳизби мо роҳандозӣ кардаанд. - Ин нуктаро Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шоми 3-юми феврал дар суханронии телевизиониаш тариқи “Шабакаи Аввал” ироа намуд.
Ӯ дар ин суханрониаш гуфт: “Ман фикр мекунам, ки дар чунин рақобатҳои носолим ягон нафар бурд нахоҳад кард. Ҳамаи мо бохт хоҳем дошт. Пеш аз ҳама миллат бохт хоҳад дошт. Ва барои ҳамин мо даъват мекунем, ки аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, аз масъулин, аз номзадҳо, ки ин интихоботро табдил ба як интихоботи ваҳдатофарин ва суботофарин бикунем. Чун ки миллати мо имрӯз ниёзи аз ҳама бештар ба сулҳу ваҳдат дорад” .
Кабирӣ гуфт: “ҲНИТ бар ин ақида аст, ки интихоботи дар пеш истода бояд интихоботи ваҳдат ва субот бошад”. Ӯ ҳамчунин хотирнишон кард, ки набояд мо интихоботро ба саҳнаи душманӣ, ихтилофандозӣ табдил диҳем. Бояд мо дар асоси қонун, дар асоси фарҳанги сиёсӣ, дар асоси арзишҳои волои миллӣ ва мазҳабиамон як интихоботеро роҳандозӣ кунем, ки боиси таҳкими бештари ваҳдат ва суботи кишварамон шавад.
Муҳиддин Кабирӣ вобаста ба масъалаи ихтилофи дин ва дунявият, ки чандест дар ВАО-и кишвар баҳс мешавад гуфт: ин бисёр масъалаи сохта ва сунъӣ аст. Миллати тоҷик ин ду мафҳум ва ду арзишро дар худ ҷо додааст ва наметавон тоҷик ва тоҷикистониро ба тарафдори мутлақ динӣ ё дунявӣ тақсим кард. Касе талош мекунад миллати тоҷикро ба ду гуруҳ ҷудо кунад: ба гуруҳи динӣ ва дунявӣ. Ман фикр мекунам, ки ҷуз ихтилофандозӣ ва фитнагарӣ дар ҷомеа нест.
Ӯ ҳамчунин илова кард: “Он дӯстоне, ки масъалаи дину дунявиятро мебардоранд, гуфтаниям, ки ин масъаларо аллакай миллат ҳал кардааст. Дар референдум ва бо қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон ин масъала ҳал шуд , миллат иҷозат дод дар кишвари мо як ҳизби сиёсии динӣ вуҷуд дошта бошад. Масъалаи ном салоҳият ва ваколати аъзои ин ҳизб аст. Хоҳиш мекунам сари ин масъала дигар худро азият надиҳанд, танҳо ва танҳо миллат ва қонун дар ин бора метавонад тасмим бигирад ва танҳо аъзои ҳизб дар бораи ном ва ё барномаи ҳизб сухани охирро бигӯянд. Вале мо бар ин назар нестем, ки пешниҳодҳои дигарон нодида гирем, ҳатман меомӯзем, таҳлил мекунем, вале на бо фишор ва на бо таҳмил кардан ”.
Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин илова кард, ки ҲНИТ бо пешниҳод кардани 27 номзад аз руихати ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 22 номзад аз ҳавзаҳои якмандатӣ, бештар аз 600 номзад дар маҷлисҳои маҳаллӣ ва бештар аз 150 номзад ба маҷлисҳои вилоятию шаҳрӣ вориди сабқати интихоботӣ шуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста