Имрӯз дар Кохи ҷавонони шаҳри Кӯлоб раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо интихобкунандагон мулоқот кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» Давлатшо Шарофуддинов, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии якмандатии интихоботии №37-и Кӯлоб хабар дод, қабл аз ин вохӯрӣ бо муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Файзалӣ Қурбонов суҳбат ороста шуда, ӯ изҳори итминон кард, ки «ҳарчанд интихобот дар вазъи рақобати шадид сурат гирад ҳам, он бидуни қонуншиканииву ҳодисаҳои ногаҳонӣ хоҳад гузашт».

Ба гуфтаи ӯ, зимни суханронӣ назди ҳозирин дар ин вохӯрӣ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор намудааст, ки сарвари давлат ва КМИР ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки «маъракаи интихоботӣ дар кишвар ҳамеша бо риояи қатъии қонун баргузор гардад, вале интизоми нокофии мақомоти иҷроия дар маҳалҳо нисбат ба посух, саволҳо бештар пеш меорад».

«Фарҳанги бунёди ҳизбӣ низ дар кишвар дар сатҳи нокофӣ қарор дорад, аз ин рӯ дар бисёр масъалаҳо, ҳатто иғвогариҳо нисбати аҳзоби ҷудогона нофаҳмиҳо рӯйи кор меояд. Бинобар ин, дар ин маъракаи интиоботӣ мо шиори «Мо барои Тоҷикистон! Тоҷикистон барои ҳама!»-ро интихоб кардем», - иброз доштааст раиси ҲНИТ ва даъват кардааст, ки интихобкунадагон овози худро ба он номзаде диҳанд, ки арзандаву шоиста мешуморанд.

Назди ҳозирин ҳамчунин номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии №37-и Кӯлоб Саидиброҳими Назар низ суханронӣ кардааст. Саидиброҳими Назар мушвоири раиси ҲНИТ оид ба масоили сиёсӣ аст.