Ҷиҳати такмил додани инфрасохтори фурудгоҳ миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» (ФБД), Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ «JICA» ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 4 июни соли 2014 протоколи сеҷониба ба тасвиб расонида шуд.
Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадаюсуф Шодиев хабар дод, нимаи дуюми соли 2014 пас аз ба анҷом расидани корҳои зарурии техникӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва экологӣ 29.09.2014 вобаста ба лоиҳаи «Беҳдошти инфрасохтори фурудгоҳи байналмилали Душанбе» созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония «JICA» баста шуд. Тибқи созишномаи грантии мазкур Ҳукумати Япония барои сохтмони терминали боркашонӣ, харидории системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 19 млн. доллари амрикоӣ грант ҷудо намуд.
Алҳол аз ҷониби коршиносони агентӣ ва мутахассисони фурудгоҳ ҷанбаҳои техникии лоиҳаи сохтмони терминали боркашонӣ омӯхта ва таҳлил гардида, ҳисоботҳои пешакӣ тайёр карда шудаанд.
Таърихи 03 ноябри 2014 бобати амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ҶСК «ФБД» ба сифати фармоишгар бо Консорсиуми ширкатҳои «Nippon Koei Co., LTD, - Japan Airport consultant, Inc, - Daiken Sekkei Inc» шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонид.
Сохтмони терминали боркашонӣ имкон медиҳад, ки боркашонӣ тариқи ҳавопаймоҳо ба маротиб зиёд гардида, ширкатҳои байналмилалии авиатсионӣ ба ҳамкорӣ ҷалб карда шаванд, содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда шуда, барои рейсҳои транзитӣ шабакаи хатсайрҳои гуногунсамт ташкил гардида, ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионии боркашонии ҳавоӣ бароварда шавад.
Бо таҷҳизоти муосиртарин, системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии дақиқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) таҷҳизонида шудани фурӯдгоҳ минбаъд имконият медиҳанд, ки ҳавопаймоҳо мутобиқи талаботи дараҷаи аввал, ки аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) муқаррар гардидааст, дар хати нишасту парвоз фуруд оянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста