- Иҷрои дархости ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон оид ба нашри варақаҳои овоздиҳии махсус барои нобиноён бо шрифти Брайл ҷиҳати овоздиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ айни замон ғайриимкон аст, - иттилоъ дод роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода.
Ба гуфтаи ӯ, шумори интихобкунандагони нобино дар кишвар хеле камшумор буда, онҳо дар минтақаҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва нашри 10-12 нусха чунин варақаҳои овозодиҳӣ барои чанде аз ҳавзахои овоздиҳӣ имконнопазир аст.
«КМИР ба ҳавзахои интихоботӣ тавсия дод, ки умуман ба маъюбон, аз ҷумла нобиноён зимни овоздиҳӣ ҳамаҷониба кумак расонида шавад ва ғайр аз ин, дар қонунгузории кишвар пешбинӣ шудааст, ки шахсони имконияташон маҳдуд зимни раъйдиҳӣ метавонанд аз хизмати афроди бидуни манфиат, ба ҷуз аъзои комиссияҳои интихоботӣ истифода кунанд», - иброз дошт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин дар маҳалҳо маъюбон бо ҳуқуқи раъйдиҳӣ дар қуттиҳои сайёри овоздиҳӣ таъмин карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, айни замон шумори аъзои ин ҷамъият беш аз 9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ бошад, шумори нобиноён дар Тоҷикисон қариб ба 15 ҳазор нафар мерасад, зеро аксари онҳо расман ба қайд гирифта нашудаанд.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста