Дар чанд рӯзи гузаштаи ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА нисбатан паст шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ин давра қурби доллари ИМА ба ҳисоби миёна аз 5,6980-5,7100 то ба 5,6850-5,7050 сомонӣ барои 1 доллари ИМА поин рафт.
Гуфта мешавад, санаи 5-уми феврал қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 5,6800-5,7000 сомонӣ, шахи Хуҷанд 5,6900-5,7100 сомонӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа 5,6800-5,7000 сомониро ташкил намуд.
«Ҳамчунин, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро дар ин рӯзҳо каме паст шуда, 0,0810-0,0830 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,3350-6,3970 сомонӣ ба як евро баробар шуд», - қайд мешавад дар маълумоти Бонки миллӣ.
Тибқи маълумоти БМТ, қурби расмии доллари ИМА тайи як ҳафта беш аз 0,3% - аз 5,3745 сомонӣ (30 январ) то ба 5,3902 сомонӣ (6 феврал) боло рафтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста