Муовинони ёвари котиби давлатии ИМА, ки санаи 5-уми феврал ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд , бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон оид ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва ИМА як қатор гуфтушунид анҷом доданд.
Санаи 6 феврал муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо муовини ёвари котиби давлатии ИМА оид ба масоили Осиёи Марказӣ Даниэл Розенблюм мулоқот карда, зимни вохӯрӣ масъалаҳои дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ бо иштироки ИМА, расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон, рушди ҳамкории минтақавӣ дар бахши энергетика ва коммуникатсия баррасӣ шуданд.
Ҳамин рӯз вохӯрии муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо муовини дигари ёвари котиби давлатии ИМА Стиве Фелдштейн доир гардида, дар мулоқот ба масъалаи сатҳи ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар соҳаҳои меҳнат, демократикунонии ҷомеа, дин, риояи ҳуқуқу озодиҳо, бахусус ҳуқуқу озодиҳои занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Зимни мулоқот М.Ҷабборӣ зикр кард, ки дар робита ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи онҳо ва ҳифзи ҳимояи кӯдакон, дар Тоҷикистон беш аз 15 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шудааст.
Мансабдорони давлатии воломақоми ИМА ҳамчунин аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ боздид намуда, бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов мулоқот карданд.
Тибқи маълумоти департаменти итттилооти ВКХ ҶТ, зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба баргузории давраи навбатии Машваратҳои сиёсии солона миёни Тоҷикистон ва ИМА дар шаҳри Вашингтон, интихоботи дарпешистодаи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар моҳи март ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт, баррасӣ гардиданд.
Инчунин ҷонибҳо дар атрофи раванди кунунии муносибатҳои дуҷониба, масоили минтақавӣ, таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, масоили обу энергетика ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
Пас аз мулоқот бо Вазири корҳои хориҷӣ намояндагони ИМА дар вохӯрии муштараки сатҳи баланд бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои озодии дин ширкат варзиданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар вохӯрӣ Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ роҳбарӣ намуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста