Рӯзи 8 феврал маросими сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ба итмом расид.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи имрӯз КМИР шумори номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботиро, ки расман ба қайд гирифта шуда, барои курсии вакилӣ рақобат мекунанд, пешкаши ҳамагон мегардонад.
Додозода хотиррасон намуд, ки ба 41 курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 212 нафар номзадҳо пешбарӣ шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ комилан ба анҷом расида, ба 22 курсии парлумонӣ аз аҳзоби сиёсӣ 103 нафар номзадҳо ба қайд гирифта шудаанд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста