Ноил шудан ба гуногунсамти ва рақобатпазирии назарраси иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи асосии аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд (ШҲШР) дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушд ва Форуми Рушди Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазир Қоҳир Расулзода раисӣ мешуд, эълон гардид.
Тавре аз котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушди ҶТ хабар доданд, ҷаласаи мазкур анҷоми амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2008-2015 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015-ро қайд намуд.
Аъзои ШҲШР, ки аз 30 ташкилоти бисёрҷониба, дуҷониба ва ташкилотҳои аъзои Созмони миллали муттаҳид иборат ҳастанд, иқдоми давлатро дар ноил шудан ба афзалиятҳои стратегӣ, алалхусус ноилшавӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, беҳтар намудани иртибототи нақлиетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани идоракунии давлатӣ, рушди сектори хусусӣ ва захираҳои инсониро таҳсин намуданд. Инчунини дигар, иштироккунандагони ҷаласа мушкилотҳои ҷойдоштаи вобаста ба беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ, алалхусус дар деҳот, муҳокима намуданд.
Ҳамчун қадамҳои минбаъда, шарикони рушд бори дигар изҳори омодагии дастгирии молиявӣ ва техникиро дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушд ва афзалиятхо, ки дар Стратегияи миллии рушди солҳои 2016-2030 иброз намуданд. Стратегияи нав диққати асосиро ба мавзӯъҳои беҳтар намудани самаранокии иқтисодии кишвар, гуногунсамти ва рақобатпазирӣ медиҳад. Амалисозии муштараки раванди мазкур боиси рушди боз ҳам самараноктар тавассути ҳамкории зичи шарикони байнамлилалии рушд ва Ҳукумат дар солҳои оянда хоҳад гардид.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста