Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз муовини роҳбари Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ (JICA) Киёши Кодероро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба ва байналмилалии Тоҷикистону Япония баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати Япония ва Агентии ин кишвар оид ба рушди байналмилалӣ барои кумаку дастгирии пайваста аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон арзи сипос кард ва изҳори бовар намуд, ки доираи ҳамкории ду кишвар дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
Зикр гардид, ки дар тӯли солҳои ҳамкорӣ бо Япония ба Тоҷикистон бештар аз 300 миллион доллари америкоӣ грант ва 60 миллион доллари америкоӣ кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳимми сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, инчунин ба ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалӣ равона карда шудаанд. Ҳоло чандин лоиҳаҳо дар бахшҳои иҷтимоӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва рушди ноҳияҳои дурдаст, аз ҷумла бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, амалӣ мешаванд.
Соли гузашта ду лоиҳаи нав оид ба обтаъминкунии аҳолии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва барои беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба имзо расид.
Тавассути ҳамкории босамар дар соҳаи маориф аз соли 1993 то ба имрӯз беш аз 1800 намояндаи Тоҷикистон бо курсҳои гуногуни омӯзишӣ дар Япония фаро гирифта шудаанд.
Киёши Кодеро таъкид дошт, ки Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ оянда ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро беш аз пеш рушду густариш медиҳад, ба хусус барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла таъсири мушкилоти иқтисодии баъзе давлатҳо, ки шариконии муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор мераванд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста