Нимаи дуюми рӯзи 10 феврал Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат ва илму фарҳанг баррасӣ шуд.
Ба масоили вобаста ба муаянсозӣ ва аломатгузории хатти сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои баҳснок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар ин робита атрофи лоиҳаи созишномаи дуҷониба доир ба таҳкими чораҳои боварӣ дар сарҳади миёни ду кишвар мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.
Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкорӣ дар ин самт ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвоангез таъйид намуданд.
Таъкид гардид, ки шарикии боэътимоди Тоҷикистону Қирғизистон доир ба ҳалли мушкилоти гуногуни минтақавӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикӣ, нақлиётию транзитӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ, ба нафъи ду мардуми дӯсту ҳамсоя бояд идома ёбад ва ҳамсоягии накуи мо қавию бардавом бошад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста