Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 11-уми феврал дар робита ба боздошти узви ҳизб Ҷамолидддин Маҳмудов ба иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа изҳорот қабул намуд.

Дар изҳороти интишоршудаи ҲНИТ дар ин робита таъкид мегардад, ки боздошти узви Шӯрои сиёсӣ ва намояндаи ҳизб дар КМИР, Ҷалолиддин як амали аз қабл тарроҳишуда мебошад.

Гуфта мешавад, ин силоҳро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз соли 2013 кашф намуда, дар ҷараёни ин қазия будаанд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти ИНОТ ба Ҷ.Маҳмудов, ки ҳамраиси нави комиссияи мазкур аз тарафи ИНОТ таъйин шуда буд, туфангчае барои ҳифозати хеш ҷудо мекунад. Пас аз расидан ба сулҳу созиш Маҳмудов аз дӯсташ Л.Сардоров хоҳиш мекунад, ки таппончаро нобуд созад.

«Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷамолиддин Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот медонад. Зеро пинҳон доштани ин қазия муддати беш аз як сол ва ошкор карданаш дар чунин як марҳалаи сиёсӣ наметавонад дигар маънӣ дошта бошад», - омадааст дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ.

Зикр мегардад, ки ҳанӯз соли 2013 ҳукуматдорон дар бораи таппончаи мусодирашуда огаҳӣ доштанд, вале ҳатто ба президент маълумот надоданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки чанд моҳ пеш ҳангоми пешниҳоди номзадии Ҷ. Маҳмудов аз тарафи Президенти ҶТ ба КМИР ягон мулоҳизаи дигаре ба вуҷуд наомад.

«Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз мақомоти зидахли қазия тақозо менамояд, ки масъаларо мунсифона баррасӣ карда, ҳарчи зудтар Ҷ. Маҳмудовро аз боздошт раҳо намоянд. Инчунин умед аст, ки Президенти кишвар бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва нақши шахсии Ҷ. Маҳмудов дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ, қазияи мазкурро зери назорат мегиранд», - баён мегардад дар изҳорот.