Аз оғози сол қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдии асъори ҷумҳурӣ нисбати арзи миллӣ – сомонӣ 4,4% боло рафт.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), санаи 11-уми феврал қурби миёнаи хариду фурӯши доллар дар бозори нақдии кишвар 5.7025-5.7200 сомонӣ  (барои 1 $)-ро ташкил медиҳад. Аввали сол (1 январ) қурби миёнаи хариду фурӯши доллар 5.4650-5.4850 сомониро ташкил дода буд.

Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА бо сомонӣ дар бозори асъори байнибонкии ҷумҳурӣ бошад, дар ин давра аз 4% - аз 5.3618-5.4556 сомонӣ (1 январ) то ба 5.5225-5.6956 сомонӣ(11 феврал) афзуд.

Дар ҳамин ҳол, қурби расмии аз ҷониби БМТ муқаррашуда нисбат ба сомонӣ ҳамагӣ 1,8% - аз 5.3074 сомонӣ (1 январ) то 5.3907 сомонӣ (11 феврал) тағйир ёфт.

Бино ба маълуомти БМТ, соли 2014 қурби миёнаи доллари амрикоӣ нисбати сомонӣ дар бозори асъори Тоҷикистон 10,7% ва қурби расмӣ – 11,2% боло рафтааст.