Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматулозода рӯзи 11-уми феврал бо сафири Озарбойҷон дар ҶТ Аббосалӣ Ҳасанов мулоқот орсота, зимни вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба бараасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, ҳангоми мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаҳои ҷалби сармоягузорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, барқарор намудани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Боку, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ ва ғайра табодули назар карданд.
Гуфта мешавад, дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи октябри соли гузашта пас аз мулоқот бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буд , ки ҷонибҳо ба роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон манфиатдоранд.
Қобили зикр аст, ки 10-уми июли соли 2012 хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе – Боку ифтитоҳ гардида, вале бинобар сабаби камбуди мусофирон минбаъд баста шуд. Моҳи марти соли 2013 низ ин хатсайр барқарор карда шуд, вале боз ҳам ба иллати сабаби дар боло зикршуда мутаваққиф гардид.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста