Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) Рустам Латифзода имрӯз бо интихобкунандагони ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мулоқот орсота, ба онҳо барномаи пешазинтихоботӣ ва ҳадафу мароми ҳизбро шарҳу тавзеҳ дод.

Роҳбари дастгоҳи ҲАТ Муним Абдусамадов дар ин робита иттилоъ дод, ки ӯ ҳамчун номзад ба вакилӣ имрӯз бо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд як силсила мулоқотҳо анҷом дода, ба саволҳои сершумори интихобкунандагон посух гуфт.

«Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ҲАТ тибқи рӯйхати ҳизбӣ 13 нафар номзад пешбарӣ намуда, аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 19 намояндаи ҲАТ барои курсии парлумонӣ довталабӣ мекунанд», - иброз дошт ӯ.

Абдусаломов таъкид дошт, ки дар интихобот ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳӣ 958 нафар номзадҳои ҲАТ ба қайд гирифта шудаанд.