Барои нахустин бор маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байнулмилалии молҳои истеъмолӣ – Ambiente, ки аз 13-ум то 17-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, ба намоиш гузошта мешавад.
Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ ) иттилоъ доданд, Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон ва ширкати “Умед” бо мусоидати МТБТоҷикистонро дар муҳимтарин намоишгоҳи тиҷоратии молҳои истеъмолӣ дар ҷаҳон намояндагӣ мекунанд. Ин сафар аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Ҳамасола, дар намоишгоҳи Ambiente 4700 ширкат аз қариб 90 кишвар, ва тақрибан 145000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ҷараёни он, чандин чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд, ки дар онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин, имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд. Ширкаткунандагони намоишгоҳ аз навовариҳои корбурдӣ дар мӯди тарроҳӣ ва равандҳои мӯдсозии бозор огоҳ мешаванд.
Ҳусейн Ғуломов, мудири иҷроияи Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, мегӯяд, “Ба МТБ барои фароҳам овардани ин имконияти вуруди ҳунарҳои миллӣ ба бозори аврупоӣ ибрози сипос менамоем. Мутмаин ҳастем, ки иштироки нахустини мо дар Ambiente бароямон ҳамчун як асоси таҷрибаандӯзӣ ҷиҳати тақвияти бештари ҳунарҳои дастӣ дар Тоҷикистон мегардад. Мо ба ин намоишгоҳ барои дарёфти ҳамкорҳо ва бозорҳои нав, бозёфти мӯду ҷараёнҳои нав дар олами ҳунарҳои дастӣ, ва ҳамчунин, барои намоиш додани зебоии нодири шарқии маҳсулоти тоҷикӣ ба муштариёни оянда омадаем”.
МТБ ба корхонаҳои Тоҷикистон дар омодагӣ ба намоишгоҳ ҳамаҷониба мусоидат намуд. Мутахассисони лоиҳаи МБТ намояндагони корхонаҳоро бо роҳҳои дарёфти нафъи ҳарчӣ бештар аз намоишгоҳ, сар карда аз тарҳрезии иштирок то ба имзои созишномаҳои нав шинос карданд. Алфонс Эйлигман, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба бозорёбӣ, мегӯяд, мутахассисони МТБ бо ҳайъати Тоҷикистон “муштарак сари масъалаҳои интихоби маҳсулот ва беҳсозии он, таҳияи баргаи фурӯш, масъалаҳои ташкилотӣ, ва василаҳои истифодаи беҳтари иштирок дар намоишгоҳ барои рушди бозорёбии ширкат ҳамкорӣ намуданд”.
МТБ бо ҳадафи боло бурдани тавоноии корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, ба иштироки онҳо дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат менамояд. МБТ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ ба корхонаҳои ҳамкори лоиҳа имкон медиҳад, то маҳсулоти худро ба намоиш бигзоранд, ҳамкорон ва муштариёни нав биёбанд, тамосҳои навро роҳандозӣ намоянд ва ҳамчунин доир ба бозорҳо, талаботи бозорҳо ва рақибонашон иттилооти муҳим ва лозимаро дарёфт намоянд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста