Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз ҳайати нозирон аз кишварҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро ба ҳузур мепазирад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати мазкур аз 19 нафар нозирон иборат буда, роҳбарии онро котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Алексей Сергеев ба уҳда дорад ва ба ҳайат ҳамчунин муовини котиби генералӣ Ион Липчигу, директори Пажуҳишгоҳи байнулмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони кишварҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Андрей Баранов шомиланд.

Ба иттилои манбаъ, Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз ҳамчунин бо намояндагони ҳайати нозирони интихоботи парлумонӣ аз ИДМ таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владмир Гаркун низ дидору гуфтушунид мекунад. «То имрӯз КМИР 56 нафар нозирони байнулмилалӣ аз ИДМ-ро расман ба қайд гирифт», - иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз мулоқот бо раиси КМИР роҳбарони ҳайатҳои нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва ИДМ дар бинои КМИР нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки КМИР Тоҷикистон то имрӯз 208 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмону ташкилотҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷудогонаро расман сабти ном кард.

Додозода таъкид дошт, ки дар пайгирӣ (мониторинг)-и интихоботи парлумонии Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва кишварҳои ҷудогона ширкат хоҳанд варзид.