Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бо сокинони шаҳрҳои Исфараву Конибодом, Истаравшану Чкаловск ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд 9 вохӯрӣ гузаронида, ба интихобкунандагон барномаи пешазинтихоботии ҲСДТ-ро шарҳу тавзеҳ дод.
Раҳматилло Зойиров тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки интихобкунандагон ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоӣ, таҳкими амният, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва мубориза бо коррупсия бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
«Зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагони шаҳри Конибодом, ки аз ин ҳавза муовини ман дар ҳизб, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов ба курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шудааст, ба интихобкунадагон моҳияти платформаи пешазинтихоботии ӯ ва нақшаҳои номзад ба вакилӣ шарҳ дода шуданд», - иброз дошт ӯ.
Ба таъкиди раиси ҲСДТ, дар ҳамаи вохӯриҳо ба интихобкунандагон маводи таблиғотии ҳизб тақсим карда шуд.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз, 16 феврал вохӯриҳои Раҳматилло Зойиров бо сокинони шаҳри Панҷакент дар назар аст.



"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста