Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар Раиси Шӯрои ҶСП «Чунтай-Данғара-Син Сил-Текстил» ҷаноби Чен Дао Чуанро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Хитой дар соҳаи кишоварзӣ, тартиби истифодабарии замин, кишти пахта ва коркарди он баррасӣ шуда, сохта ва ба истифода додани корхонаҳои коркарди пахта дар ноҳияҳои Данғара ва Ҷиликӯл дар меҳвари асосии мулоқот қарор дошт.
Қайд гардид, ки корҳои лоиҳакашии корхонаҳои коркарди пахта дар ноҳияҳои мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Раиси Шӯрои ҶСП «Чунтай-Данғара-Син Сил-Текстил» мӯҳтарам Чен Дао Чуан ҷиҳати ҷудо гардидани 15 ҳазор гектар замин барои кишти пахта арзи сипос намуд.
Зимни мулоқот Қосим Роҳбар ба Чен Дао Чуан пешниҳод карданд, ки “Гӯшаи Чинӣ” дар ноҳияҳои мазкур кушода шавад, ки дар он технологияи намунавии кишоварзии чинӣ, парвариш ва истеҳсоли меваҳои ситрусӣ (лиму), пахта боғ, ҳавзҳои парвариши моҳӣ, занбӯриасалпарварӣ, маркази омӯзишии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва марказҳои дилерӣ- барои фурӯши махсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шавад. Ин пешниҳод бо хушнуди пазируфта шуд.
Чен Дао Чуан дар навбати худ таъкид дошт, ки Шӯрои ҶСП «Чунтай-Данғара-Син Сил-Текстил» оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар оянда низ ҳамкориро бо Тоҷикистон, дар самти самаранок истифодабарии замин, парвариш ва коркарди пахта беш аз пеш рушду густариш хоҳад дод.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста