Моҳи январи соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 890,0 млн. сомонӣ (ҳудуди 165. млн. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд.
Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи январи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 3,2% зиёдтар аст.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Агнтии омор ба зиёдшавии назарраси истеҳсолот дар бахшҳои коркарди чӯб ва маснӯот аз чӯб, истеҳсоли коғаз, фаъолияти ноширӣ, бахши кимиё, дигар маҳсулоти ғайриметаллии минералӣ, соҳаи металлургия ва истеҳсоли маснӯоти металлӣ, тавлиди нерӯи барқ ва ғайра нисбат медиҳанд.
Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим моҳи январ дар 41 номгӯи он (45,6%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 32 номгӯй (35,5%) истеҳсоли он коҳиш ёфта, 17 номгӯи (18,9%) маҳсулот истеҳсол нашудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз 1 ҳазору 156 корхонаи саноатии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда, моҳи январ 562 корхона фаъолият надоштаанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Ахмад17 феврал, 2015 10:57
Алюминий истехсол шуд, аммо ин маънои онро надорад ки он коркард шудааст. Коркард - анчом, восита, асбоб, кисмхои эхтиёти, .... фикри коркардро бояд кард. Эй кош чи хуб мешуд аз ин моли хоме, ки мефиристанд, чизхое дар ин чо истехсол мекарданд. Дар Узбекистони хамсоя мошин, самолёт истехсол мекунанд, дар мо бошад, офтоба, фалак, кастрюл, ..... инхо холо кам аст.