Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ рӯзи16 феврали 2015 дар Қоҳира ба муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ёсир Мурод даъватномаи ҳукумати Тоҷикистон ба унвони сарвазири Миср Иброҳим Маҳлабро ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015-ро супурд.
Ин конфронс мувофиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 69/215 рӯзҳои 9-11 июни 2015 дар Душанбе баргузор хоҳад гардид.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Миср, муовини вазири корҳои хориҷии Миср бо изҳори ташаккур аз даъватномаи мазкур ва бо қадрдонӣ аз нақши боризи Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои марбут ба захираҳои обӣ дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд, ки кишвараш ният дорад дар конфронси Душанбе дар сатҳи баланди шоиста ва ба таври фаъол иштирок кунад.



“Қарзи бонкро чӣ тавр диҳам?”. Нигаронии савдогарони бозори сӯхта дар Панҷакент аз гаронии нархи нуқтаҳои нави савдо
Боздошти як зан дар Хатлон бо иттиҳоми ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ дар Маскав
Тақвими мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2026 нашр шуд. Кадом даста, кай ва бо кадом тим бозӣ мекунад?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 34
Чӣ гуна ҳавои гарми моҳи феврал ба ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ зарар мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 феврали соли 2026
“Амонатбонк” кортҳояшро аз нав ба қайд мегирад. Муҳлати сабтином то кай аст ва далели он чист?
Хадамоти алоқа барои беҳтар кардани кори почта бо як ширкати хусусӣ $5 млн созишнома бастааст
Нигаронии Рамазон Раҳимзода: Беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугару “муллоҳои дайду” рӯйхат шудаанд
Як додраси собиқ барои гирифтани пора чор сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста