Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҲАТ), дар вилояти Суғд бо интихобкунандагон вохӯри гузаронид. Дар ин вохӯриҳо, ки дар  ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Конибодом, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Зафаробод ва шаҳри Хуҷанд доир гардид, Рустам Латифзода бо мардуми маҳаллӣ аз наздик суҳбат карда, доир ба барномаи пешазинтихоботии ҲАТ маълумот дод.

Тавре аз маркази матбуотии ҲАТ хабар доданд, бо муаррифии нуктаҳои асосии Барномаи ҳизбӣ Латифзода аз ҷумла зимни вохӯриҳо изҳор доштааст, ки “ҳарчанд дар мамлакат маводи озуқа аз рӯи аксари намудҳо ба қадри зарурӣ истеҳсол мегардад, баъзе маҳсулоти соҳа, маслан гандум, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ аз хориҷ бамаротиб зиёд ворид мегардад. Ин ҳолат аз як тараф хатари ҷиддӣ ба амнияти озуқаворӣ дошта бошад, аз тарафи дигар истеҳсолкунандагони ватаниро ба мудохилаи шадиду ногуворӣ маводи хориҷӣ дучор мегардонад».

«Аз ин лиҳоз, бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ чораҳои самарабахш аз қабили татбиқи таҷрибаи аз тарафи давлат бо нархҳои кафолатнок харид намудани қисми маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишоварзон ва ҷорӣ намудани дигар намудҳои ҳавасмандгардонӣ барои истеҳсолкунандаи ватанӣ бояд андешида шаванд», - иброз дошт ӯ.

Ба андешаи раиси ҲАТ, аз сабаби паст будани малакаи касбӣ, риоя накардани агротехнология, истифодаи нокифояи техникаи кишоварзӣ, тухмиҳои сифатнок ва нуриҳои минералӣ, самаранокии истеҳсоли маҳсулоти соҳа паст мебошад ва ҳоло як деҳқони мамлакат барои 3-4 нафар маводи озуқа истеҳсол мекунад.

«Барои муқоиса 1 фермери давлати Исроил 95, ИМА -79, Россия – 15 ҳамватани худро бо маводи озуқа таъмин мекунад. Дар ҳоле, ки теъдоди узви як оилаи деҳотии Тоҷикистон маъмулан ба 6-7 нафар мерасад, заҳмати солонаи аксарияти марди деҳқон барои таъмини талаботи ҳатто оилаи худ кифоя нест», - таъкид дошт ӯ.

Гуфта мешавад, дар вохӯриҳо ҳамчунин масъалаҳои ҷавонон, мушкилоти шуғлу истироҳати онҳо ва шароити иҷтимоию фарҳангии деҳоти вилоят, чораҳои ҳалли онҳо ва беҳтар кардани шароити кору зиндагии мардуми деҳот, аз ҷумла тавассути таҳияи қонунҳои дахлдор ибрози назарҳо шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки  аз ҳисоби аъзоёни ҲАТ-и вилояти Суғд номзадии 5 нафар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.