Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба солгарди навбатии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки рӯзи 22 феврал дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» доир мегардад, иштирок ва суханронӣ мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни суханронӣ сарвари давлат назди сарбозону афсарон оид ба таҳкими мудофиаи кишвар вазифаҳои нав гузошта, ҳамчунин ба хизматчиёни ҳарбии пешқадам мукофотҳо тақдим мекунад.
Солгарди навбатии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 23 феврал ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин ҷашн дар пойтахт ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон имсол бидуни гузаштҳои низомӣ баргузор мешавад.
Аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба муносибати ин ҷашн рӯзи 23 феврал дар тамоми қисмҳои низомӣ ва дигар воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дастурхони идона ороста шуда, пешсафони хизмати ҳарбӣ бо мукофоту туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд. Санаи 21 феврал дар назди гулхани абадӣ дар боғи Ғалабаи пойтахт маросими гулчанбаргузорӣ аз ҷониби раҳбарияти Вазорати мудофиа доир мегардад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста