КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) қарзҳои ҶДММ«Созидание» аз андоз, ҷарима ва фоизҳо дар ҳаҷми беш аз 322 млн. сомонӣ (ҳудуди 60 млн. $)-ро бояд пардохт намояд. Ҳамчунин пардохти маблағи фоизҳо барои таъхир низ ба зиммаи «Талко» вогузор шудааст. Дар ин бора дар банди дуюми лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ахири моҳи январ ба имзо расидааст, ишора карда мешавад.
Қарор «Дар бораи лоиҳаи Созишномаи тавофуқ миёни КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ва ширкатҳои «Talco Management Limited», «Hamer Investment Limited», «CDH Investment Corporation», «Alumina and Bauxite Company Limited» ва «Redao Holdings S.A» «бо мақсади дастгирии молиявӣ ва таъмини фаъолияти устувори истеҳсоливу хоҷагидории «Талко» қабул шудааст.
Мувофиқи банди дуюми қарор, бар асоси санади муқоиса ба Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ, КВД «Талко» ва ҶДММ «Созидание» дастур дода шудааст, ки дар ҳисоботи худ тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Ба имзои созишномаи тавофуқ аз ҷониби Тоҷикистон директор оид ба молия ва тиҷорати КВД «Талко» ваколатдор шудааст. «Дар сурати иҷро накардани шартҳои Созишномаи тавофуқ, қарори мазкур ҳукми қонунии худро аз даст медиҳад», - таъкид мешавад дар санад.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ширкати алюминии «Русал»-и Русия оид ба даст кашидан аз даъвоҳои мутақобила тавофуқ ҳосил карданд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки соли 2013 Кумитаи андоз маблағи зиёди қарз аз андози ҶДММ «Созидание» - молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанберо ошкор намуд.
Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ҶДММ «Созидание» аз болои қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи маҷбуран рӯёнидани қарзҳо аз андоз дар ҳаҷми 67 млн. $-ро қонеъ накард.




Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон. Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандононаш тавсия дод, ки Эронро тарк кунанд
Вазорати корҳои хориҷии Эрон: “Бо иқтидор ҷавоби таҷовузкоронро медиҳем”
Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард
Хабари муҳим барои ронандагони воситаи нақлиёт: Оғози ҷаримаи худкор барои надоштани суғуртаи ҳатмӣ ва муоинаи техникии мошин
НАВШУДА: Трамп оғози "амалиёти размӣ"-и Амрико алайҳи Эронро тасдиқ кард
Дар назди мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ зерсохтори бехатарӣ дар роҳ пайдо шуд
Амрикоиҳо тоҷикӣ меомӯзанд. Қиссаи тоҷике, ки дар Донишгоҳи Канзас дарси забони тоҷикӣ медиҳад
Афзоиши пешниҳоди қарз ба аҳолӣ аз сӯйи бонкҳои Тоҷикистон
Сабтиноми довталабон барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз мешавад. Довталаб бояд чиро донад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 феврали ноябри соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста