Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, моҳи январ дар Тоҷикистон ҳудуди 1,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ (бо истинод ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик»), ҳаҷми миёнаи шабонарӯзии истеҳсоли барқ дар моҳи аввали соли ҷорӣ 48,1 млн. кВт/соатро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи декабри соли гузашта 4,6% ва дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта 5,1% зиёдтар аст.
Таъкид мешавад, ки ба ахири моҳи январи соли равон сатҳи об дар обанбори Норак 888,23 метр аз сатҳи баҳрро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 4,06 метр баландтар аст.
Гуфта мешавад, давоми моҳи гузашта сатҳи оби обанбор ба андозаи 8,91 метр поин рафта, то «нуқтаи ниҳоӣ», ки пас аз расидан ба он тибқи муқаррароти техникӣ ба истифодаи оби обанбор роҳ дода намешавад, 31,23 метр боқӣ мондааст.
Қобили зикр аст, ки аз аввали моҳи октябри соли гузашта дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифода барқ амал мекунад. Сарфи назар аз камбуди барқ дар дохили кишвар дар мавсими тирамоҳу зимистон, интиқоли он ба кишвари ҳамсояи Афғонистон мунтазам идома дорад.
Ахири моҳи январ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Раҳматзода Рустам Мирзо изҳор дошта буд, ки бидуни шиддати барқ нигоҳ доштани хатти интиқоли барқ ба самти Афғонистон ғайриимкон аст. «Дарвоқеъ мо ду хатти интиқоли барқи 110 кВ ва 220 кВ ба самти Афғонистонро барои эҳтимоли зиёди рабуда шудани таҷҳизоти барқӣ таҳти шиддат нигоҳ медорем», - иброз дошта буд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, зимни машварати кории рӯзи 16 феврал президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ба масъулини соҳа дастур дод , ки ба аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот аз соати 5- субҳ то 11-и рӯз ва аз соати 16:00 то соати 23:00, яъне 13 соатӣ барқ дода шавад ва таъкид гардид, ки минбаъд меъёри додани барқ ба аҳолӣ боз ҳам зиёд шудан мегирад.
Дар робита ба ин масъала, дар нишасти хабарии зикршуда раиси ширкати «Барқи тоҷик» зикр карда буд, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистонро ният доранд ки имсол аз вақти маъмулӣ пештар бекор кунанд. «Барои ин кор шароитҳои мушаххас, аз қабили нисбатан баланд будани сатҳи об дар обанбори Норак ва мутаносибан захираҳои кофии об ва ҳамчунин маҷрои қаноатбахши дарёи Вахш мусоидат карда метавонанд», - қайд карда буд Рустам Раҳматзода.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста