Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон нашри варақаҳои раъйдиҳӣ барои интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми март таъиншударо ба итмом расонид.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз варақаҳои овоздиҳӣ ба ҳавзаҳои интихоботӣ фиристода шуда, ду рӯз қабл аз санаи овоздиҳӣ ба ихтиёри қитъаҳои овоздиҳӣ супурда мешаванд ва таҳти назорату посбонии намояндагони мақомоти ҳифзӣ ҳуқуқ қарор мегиранд.
«Варақаҳои овоздиҳӣ асосан бо забони давлатӣ ва ҳамчунин русиву ӯзбекӣ ва қирғизӣ ба чоп расидаанд», - иброз дошт намояндаи КМИР ҶТ.
Қобили зикр аст, ки дар интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар иштирок мекунанд. Ба ҷуз интихоби вакилон ба парлумон, дар як вақт интихобот ба маҷлисхои маҳаллии вакилони халқ низ доир мегардад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста