Роҳбари ҳайати нозирони ИДМ Евгений Слобода имрӯз бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммадаи Шоҳиён дидору гуфтушунид мекунад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқоти мазкур Ш.Шоҳиён ба ҳамсуҳбаташ оид ба ҷараёни маъракаи интихобот дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла тадбирҳои андешида баҳри таъмини шаффофият ва волоияти қонун дар интихобот  маълумот хоҳад дод.

«То имрӯз КМИР Тоҷикистон дар маҷмӯъ 427 нафар намояндагони Дафтари институтҳои демократия ва ҳуқуқи башари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (ДИДҲБ/САҲА/), Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, ИДМ ва кишварҳои ҷудогонаро расман ба сифати нозирони байнулмилалӣ ба қайд гирифт», - гуфт ӯ.

Додозода таъкид дошт, ки дар пайгирӣ (мониторинг)-и интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз иштироки беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва кишварҳои ҷудогона интизорӣ меравад.