- Масъалаи истифодаи арзи миллии Чин – юан зимни ҳисоббаробарӣ миёни Тоҷикистону Чинро Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) айни замон мавриди омӯзиш қарор додааст, - иттилоъ дод раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов.

Дар мусоҳиба ба ҳафтаномаи Тоҷикистон А.Ширинов дар ин робита изҳор намудааст, ки тибқи қонунгузории асъор ва санадҳои меъёрии амалкунанда, ягон маҳдудият барои мубодилаи асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ нест.

«Мушкилот дигар аст. Айни замон дар бозори дохилии асъори мо мубодилаи васеъи сомонӣ бо юани Чин шуруъ нашудааст. Имрӯз анъана шудааст, ки тоҷирони мо аз Чин бо доллар маҳсулот ворид мекунанд, зеро чиниҳо ҳам танҳо бо долл. ИМА мол мефурӯшанд. Ҳоло мо роҳҳои тағйир додани ин корро омӯхта истодаем. Яке аз ин роҳҳо барпо ва мустаҳкам кардани алоқа бо бонкҳои чинӣ мебошад», - иброз доштааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир Чин ба яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт.Ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин аз 32 млн. доллари ИМА дар соли 20003 то қариб 1 млрд. доллари ИМА (тибқи омори Тоҷикистон) ва беш аз 2 млрд. доллари ИМА (тибқи омори Чин) дар соли 2013 афзуд.