Мутобиқи дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ (лимит) дар ҷумҳурӣ рӯзи 27 феврал комилан бекор карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ёдрас мекунем, ки қаблан сарвари давлат ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки вақти интиқоли барқ ба аҳолии минтақаҳо то 18 соат дар як шабонарӯз дароз карда шавад ва аз 21 феврал аҳолии минтақаҳо аз соати 05-00-и субҳ то 23-00-и шаб бо барқ таъмин аст.

Аввали ҳафтаи гузашта бошад, Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки аҳолии кишвар дар як шабонарӯз 13 соат бо нерӯи барқ таъмин карда шавад. Он замон хадамоти матбуоти сарвари давлат зикр карда буд, ки минбаъд вақти интиқоли барқ ба аҳолии минтақаҳо тадриҷан зиёд мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола аз аввали моҳи октябр то моҳи апрел дар минтақаҳои Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ мегардад.