Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Шодӣ Шабдолов, ки айни замон бо интихобкунадагони вилояти Хатлон вохӯриҳо анҷом медиҳад, аз рӯҳияву дастгирии онҳо қаноатманд аст.
Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони вилояти Суғд ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон собит месозанд, ки шиорҳои асосии коммунистон дар бораи таъмини баробарии иҷтимоӣ, муҳайё сохтани шароитҳои яксон барои кор, истироҳат, дастрасӣ ба маорифу тандурустӣ, таъмини аҳолӣ бо манзили зист ҳеҷ гоҳ барои мардуми заҳматкаш бегона нестанд.
«Имрӯз, 23 феврал мо бо сокинони минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон як қатор вохӯриҳо мегузаронем, ки дар онҳо ба мардум андешаву афкори худ оид ба таъмини ҳаёти шоиста дар кишвар ва ҳалли мушкилоти мавҷударо шарҳу тавзеҳ медиҳем. Зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон мо ба фаҳми як чиз расидем, яъне барои касоне, ки воқеъан ҳам баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум мубориза мебаранд, ҳеҷ гоҳ пешашон рафта, ба чашмони онҳо рост нигоҳ кардан шармовар нест», - таъкид кард пешвои коммунистони кишвар.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста