Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар барои мутахассисони байторӣ омӯзиши истифодабарии таҷҳизоти ултрасадоро дар ташхиси узвҳои дарунӣ ва ҳомиладории ҳайвонот мегузаронад.

Омӯзиши серӯза дар мавзӯи дар боло зикркардашуда аз тарафи Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон дар чорчӯбаи амалӣ сохтани лоиҳаи “Баланд бардоштани раванди таълими ветеринарӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи фермерон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор” аз 20 то 22 феврали соли 2015 доир мегардад.

Ин омӯзиши навбатӣ аз силсилаи омӯзишҳоест, ки дар чорчӯбаи лоиҳа бо мақсади беҳтар сохтани раванди таълим ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳозиразамони таълим гузаронида мешаванд. Пештар омӯзишҳо доир ба фасилитатсия, усулҳои интерактивии таълим ва барномаҳои компютерӣ барои устодони факултеаи тиббии ветеринарии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон (ДАТ) ба номи Шириншоҳ Шотемур гузаронида шудаанд. Факултаи номбурда бо таҷҳизоти ҳозиразамони клиникию озмоишгоҳӣ, аз ҷумла таҷҳизоти сайёрии ултрасадо ва рентен  таъмин карда шудааст.

Дар назар аст, ки истифодабарии ин таҷҳизот аз тарафи клиникаҳои давлатию шахси байторӣ дар оянда дар кишвар ривоҷ меёбад. Истифодабарии ин таҷҳизот дурустии ташхиси бемориҳои дарунии ҳайвонот, муайян кардани ҳомиладори ҳайвонотро дар мӯҳлатҳои аввалин ва ташхиси дигар бемориҳоро беҳтар мекунад.

Ҳамагӣ 15 мутахассисони байторӣ омӯзонида мешаванд. Омӯзиш аз  қисмҳои назариявӣ ва амалӣ иборат аст. Баъти хатми омӯзиш ҳар як иштирокчӣ бо сертификати хатми омӯзиш ва маводи таълимӣ таъмин карда мешавад.