Дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар дар Тоҷикистон Аситҳ Бҳатттачарҷи баргузор гардида, дар он ҳамкориҳои самарбахши иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ҷонибҳо азми худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баён дошта, дар масъалаҳои ҳавасмандии ҷониби Ҳиндустон ба Созишномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистону Покистон, инчунин омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ибрози назар намуданд.
Гуфта мешавад, гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар дар соли 2014 ҳамагӣ 21 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Маҳсулоти содиротиро асосан доруворӣ ташкил дода, сохтори воридот аз маҳсулоти доруворӣ ва фармасевтӣ, гӯшти гов ва маҳсулот аз металлҳои сиёҳ иборат аст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2026
Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон
Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот
Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?
Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд
Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон
Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?
Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 50
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста