Палатаи поёнии парлумон имрӯз созишномаи ҳанӯз тобистони соли гузашта баимзорасида миёни ҳукумати ҶТ ва ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» дар бораи коркарди комплексии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ»-ро тасдиқ кард.
Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амволи ҷумҳурӣ Лочин Файзуллозода изҳор намуд, ки барои амалисозии лоиҳаи мазкур Чин 200 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад.
«Тибқи лоиҳа сохтмони шаҳраки нави саноатӣ дар наздикии шаҳри Зарнисори вилояти Суғд пешбинӣ шудааст, ки дар он корхонаҳои истеҳсоли маъдан ва сурб бунёд гардида, беш аз 2 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд», - иброз дошт Л.Файзуллозода.
Ба гуфтаи ӯ, ашёи хом барои ин корхонаҳо аз ноҳияи Мастчоҳ истихроҷ карда мешавад. «Дар ин корхонаҳо солона зиёда аз 2 млн. тонна маъдан ва 20 ҳазор тонна сурб истеҳсол хоҳад шуд», - афзуд номбурда.




Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста