Рӯзҳои 24- 25 феврали соли 2015 дар рафти иҷлосияи 54 Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаи миллии даврии дуюм ва сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба иҷрои муқаррароти Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешниҳод намуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳайати Тоҷикистонро, ки аз намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии омор иборат аст, дар иҷлосияи мазкур Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам роҳбарӣ мекунад.
Гуфта мешавад, Паймони мазкур дар асоси қатъномаи 2200А-и Маҷмаи умумӣ аз 16 декабри соли 1966 қабул шуд ва тибқи моддаи 27-ум 3 январи соли 1976 эътибори қонунӣ пайдо кард. Он фароҳам овардани шароитҳоеро, ки барои ҳар кас имконияти истифода бурдани ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро таъмин намоянд, пешбинӣ намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Паймони байналмилалӣ 4 январи соли 1999 ҳамроҳ шудааст.



Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста