- Ман ҳамчун раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ), вакили палатаи поёнии парлумони кунунӣ, ки ваколаташ дар арафаи анҷомёбист, ба фаъолияти парлумони даъвати гузашта баҳри беҳбуди некӯаҳволии мардуми кишвар баҳои манфӣ дода наметавонам, - гуфт раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов.
Ба гуфтаи ӯ, мушкилоти асосии парлумони гузашта дар он ифода меёфт, ки он танҳо аз як фраксияи ҳизби ҳоким иборат буда, дигар намоляндагони аҳзоби сиёсии ба парлумон шомилгардида – ҲКТ, ҲНИТ, ҲАТ ва ҲИИТ бо сабаби танҳо ду вакилӣ доштан, наметавонистанд фраксияи худро ташкил кунанд.
Раиси ҲКТ зикр кард, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, барои таъсиси фраксия дар парлумон аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бояд ҳадди ақал ба 5 курсии вакилӣ соҳиб бошанд.
«Мавҷуд набудани дигар фраксияҳо дар парлумони гузашта чунин муҳитеро ба вуҷуд оварда буд, ки аксари лоиҳаи қонунҳо бидуни баррасии зарурӣ қабул гардида, тамоми пешниҳодоте, ки аз ҷониби ҳукумату президент ироа мегардид, бучуну чаро дастгирӣ мешуданд», - иброз дошт ӯ.
Дар идома ӯ қайд кард, ки ҳамчун сиёсатмадор ва вакил дар масъалаҳои сарнавиштсоз ҳамеша сиёсати раҳбарияти кишварро дастгирӣ мекунад, вале ҳамеша ҷонибдори баррасии дақиқу солимақлона ва интиқоди созанда боқӣ мемонад, ки на ҳамеша инҳоро парлумони гузашта ба инобат мегирифт.
«Худатон қазоват кунед, Карл Маркс «Капитал»-и худро чор маротиба дубора навишт, Антон Чехови бузург асарҳои безаволи худро то ҳафт бор дубора ислоҳу таҷдиди назар мекард», - таъкид дошт Шабдолов.
Дар фарҷом Шабдолов изҳори итминон кард, ки агар интихоботи парлумонии ба санаи 1 март таъиншуда мунсифона, демократӣ ва шаффоф баргузор гарданд, дар парлумони оянда якчанд фраксияҳо пайдо мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста