Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт айни замон доллар бо арзиши 6,40 сомонӣ (барои 1 $) фурӯхта мешавад, ҳарчанд дар лавҳаҳои ин нуқтаҳо тамоман рақами дигар – 5,98 сомонӣ дарҷ ёфтааст. Дар бозори нақдии шаҳр доллари амрикоӣ бо арзиши 5,96 сомонӣ барои 1 $ харида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯзҳо дар Душанбе гоҳ-гоҳ дар нуқтаҳои гуногуни мубодилаи асъор доллари амрикоӣ бо нархи нисбатан поинтар фурӯхта мешавад, ки ин ба ҷамъ шудани издиҳоми сершумори харидорони ин «асъори боэътимод» боис мегардад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА нисбати сомонӣ дар бозори нақдии Душанбе аз оғози ҳафта 2,2% - аз 5,83 – 5,85 сомонӣ (23 феврал) то ба 5,94 – 5,96 (26 феврал) афзудааст.

Аз оғози сол бошад, ба иттилоли ин манбаъ, қурби миёнаи доллари ИМА нисбати арзи миллии тоҷикӣ қариб 9% - аз 5,45 – 5,47 сомонӣ (1 январ) то ба 5,94 – 5,96 сомонӣ (26 феврал) боло рафта, дар маҷмӯъ соли гузашта қурби доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ 10,2% афзудааст.