То анҷоми имрӯз кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар, нуқтаҳои савдо ва воситаҳои нақлиёт бояд аз маводи таблиғотии аёнии аҳзоби сиёсӣ, номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ тоза карда шаванд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Аббдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки чун интихобот ба санаи 1-уми март таъин шудааст, мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, маъракаи таблиғотии аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ, вохӯриҳои онҳо бо интихобкунандагон бояд рӯзи 27 феврали соли 2015 ба итмом расонида шаванд.
«Бар асоси меъёрҳои қонунгузории интихоботии Тоҷикистон, санаи 28 феврал, як рӯз қабл аз интихобот дар ҷумҳурӣ Рӯзи хомӯшӣ эълон карда мешавад ва дар ин рӯз ба ҳама гуна таблиғ, аз ҷумла мавҷуд будани шиору овезаҳои аёнӣ низ иҷозат дода намешавад» - қайд кард Додозода.
Номбурда таъкид дошт, ки назорати гирифтани лавҳаву шиор ва дигар маводи таблиғотӣ аз кӯчаву хиёбон ва дигар нуқтаҳо ба зиммаи масъулони қитъаҳои интихоботии маҳаллӣ ва ҳамчунин комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ вогузор шудааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста