Рӯзи 25 феврали соли 2015 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов бо Вазири федеролии нафт ва захираҳои табиии Покистон Шаҳид Хоқон Аббосӣ мулоқот кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи коркарди нафт ва рушди инфрасохторҳои энергетикию нақлиётӣ баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз дар Дафтари марказии Ширкатии миллии сохтмонии Ҳиндустон (National Buildings Construction Corporation Ltd.) мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов бо Мудири кулл ва ҳамзамон директори иҷроияи он ширкат ҷаноби Ануп Кумар Миттал баргузор гардид.
Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот Сафир ҳамсӯҳбатро бо шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ, бозори сохтмони дохилии Тоҷикистон, имкониятҳои мавҷуда ва дастовардҳои кишвар шинос намуда, ҷонибҳо дар бораи имкониятҳо ва равиши ба роҳ мондани ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста