Раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, ки роҳбари нозирони ИДМ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо раиси КМИР Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён мулоқот карда, дар он масъалаҳои омодагӣ ва баргузор намудани интихоботи парлумонии ба санаи 1 март таъиншуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ С.Лебедев изҳор доштааст, ки КМИР барои дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани интихобот корҳои қобили мулоҳизаро ба анҷом расонидааст.
«С.Лебедев зикр кард, ки ба ҷуз намояндагони Украина, дар интихоботи қариблувуқӯъи парлумонии Тоҷикистон 204 нафар нозирони кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунанд ва нозирони ИДМ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон боздид намуда, омодагиии хуб ба ин маъракаи муҳимро зикр карданд», - гут Додозода.
Зимнан зикр гардид, ки роҳбари нозирони ИДМ дар маъракаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2 март аз натиҷаи арзёбии интихобот аз ҷониби ҳайати ИДМ маълумот хоҳад дод.




Қурбони Собир: “Тоҷикони Самарқанду Бухоро бетарафанд ва аз ҳувияти худ дарак намедиҳанд”
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд
Дар маҷлиси навбатии ҳукумат омодагии кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2026-2027 баррасӣ шуд
Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026
Боздид аз Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ва Қалъаи Бухоро. Эмомалӣ Раҳмон дар Бухоро кадом мавзеъҳоро зиёрат кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста